• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    АРЗИШҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ НАМОЕМ
АРЗИШҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ НАМОЕМ

Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи дастовардҳои беназир ва таърихии давраи истиқлолият ба ҳисоб меравад. Ин ҳодисаи муҳим миллати тоҷикро ба марҳилаи тозаи рушд ва пешрафти соҳаҳои мухталиф баровард. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Ваҳдат ва ҳамбастагӣ аз омилҳои асосӣ ва ҳалкунанда барои тараққиёти давлати муосир мебошанд. Яке аз пояҳои асосӣ ва муҳимтарини таҳкими Ваҳдати миллӣ рушди соҳаи иқтисодиёт ва фароҳам овардани шароити арзанда барои зиндагии шаҳрвандон мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои 2024–2025 суръати баланди рушдро нишон дод. Тибқи маълумотҳои расмӣ соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Ваҳдати миллӣ дар эҳёи сохтори давлатӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии ҷомеа нақши калидӣ бозид. Ин натиҷаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки ҷанги шаҳрвандии панҷсолаи харобиоварро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид. Тибқи маълумоти тахминӣ, дар ин ҷанг беш аз 150 ҳазор кушта шуда, иқтисодиёти кишвар қариб 10 миллиард доллари ИМА хисорот дид.
Баъд аз барқарор гардидани сулҳ ва истиқрори амният дар таърихи 27 июни соли 1997, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи тозаи инкишоф қадамҳои мустаҳкам ниҳод. Ба таври марҳилавӣ барқарорсозии инфрасохтори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шурӯъ шуд. Аввалин барномаи барқарорсозии пас аз ҷанги шаҳрвандӣ қабул ва ҷорӣ гардид. Таҳия ва амалӣ намудани он замина фароҳам овард, ки дар солҳои минбаъда даҳҳо стратегия ва барномаҳои давлатӣ барои рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қабул шаванд.
Самараи Ваҳдати миллӣ аст, ки ҳадафҳои стратегии кишвар нишонрас гардиданд ва он бо суръат идома дорад. Татбиқи бомуваффақияти чор ҳадафи стратегии миллӣ таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ва устувор ноил гардад.
Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ кишвар ба таври назаррас ба худтаъминкунӣ наздик шуд. Майдони кишти зироатҳо васеъ гардид, истеҳсоли ғалла, сабзавот ва меваҳо чанд баробар афзуд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, сохтмони иншооти обёрӣ ва дастгирии фермерҳо имкон дод, ки воридоти маҳсулоти ғизоӣ коҳиш ёбад ва Тоҷикистон дар солҳои охир ба яке аз кишварҳои пешрафта дар минтақа дар самти истеҳсоли озуқа табдил ёбад.
Дар ҳадафи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ сохтмони роҳҳои нави автомобилӣ, роҳи оҳани байналмилалӣ ва пулҳои муҳим аз ҷумла, пулҳои байни Тоҷикистону Афғонистон амалӣ карда шуд. Ин лоиҳаҳо на танҳо робитаҳои нақлиётӣ бо ҷаҳони берунро васеъ намуданд, балки Тоҷикистонро аз ҳолати ташвишии географӣ берун оварда, ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳамчун транзити муҳим табдил доданд.
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз дастовардҳои бузургтарин ба ҳисоб меравад. Сохтмони НБО-ҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Норак» бо таҷдиди нав, чанд агрегати «Роғун» ва дигар иншоотҳои гидроэнергетикӣ имкон дод, ки истеҳсоли барқ чанд баробар афзояд. Тоҷикистон имрӯз на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро таъмин мекунад, балки барқро ба кишварҳои ҳамсоя содирот ҳам мекунад ва ба яке аз марказҳои энергетикии минтақа табдил ёфтааст. Дар назар аст, ки дар соли 2027 Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ расад.
Дар самти саноатикунонии кишвар садҳо корхонаҳои нав бунёд гардиданд, аз ҷумла корхонаҳои саноати кӯҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, доруҳо ва маҳсулоти содиротӣ. Рушди соҳаҳои металлургияи ранга, гидроэнергетика, саноати сабук ва технологияҳои иттилоотӣ ба афзоиши ҷойҳои корӣ, афзоиши даромади буҷет ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд. Ин дастовардҳои стратегӣ натиҷаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ваҳдати миллӣ ва муттаҳидии мардуми тоҷик мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки дар солҳои аввали баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 518,4 миллион сомонӣ буда, суръати афзоиши воқеии он ҳамагӣ 1,7 фоизро ташкил медод. Дар муқоиса бо ин, соли 2025 ҳаҷми ММД ба 173 миллиард сомонӣ расид ва суръати рушди воқеии иқтисод 8,4 фоизро ташкил дод. Ин нишондод дар давраи истиқлолият гузаришро аз марҳилаи бӯҳрон ба рушди устувор тақозо менамояд.
Боиси хурсандист, ки дар соли 2025 даромади пулии аҳолӣ 165 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015, ки 26 миллиард сомонӣ буд, беш аз 6 маротиба зиёд мебошад. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ сатҳи зиндагии мардум марҳила ба марҳила рӯ ба инкишоф дорад. Созишномаи Истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ва миллати сарбаланди тоҷик заминаи нави тараққиёти худро касб кунад. Имруз, бояд ҳар фарди ҷомеа арзишҳои Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои давлату миллат содиқона хизмат намояд.
Хурсанд Содиқзода,
директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, дотсент, номзади илмҳои иқтисодӣ


: 25

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 25.06.2026
АРЗИШҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ НАМОЕМ
АРЗИШҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ НАМОЕМ
  • 25.06.2026
КОНФРОНС: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПОЯИ СУЛҲ ВА ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ
КОНФРОНС: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПОЯИ СУЛҲ ВА ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены